image

Дар шаҳри Душанбе машварат-тренинги Раёсати кор бо занон ва оила доир шуд

date_range31.05.2023, 15:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye306

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои нишондоди санадҳои дахлдори соҳа дар толори мақомот машварат-тренингро дар мавзӯи "Ҳамоҳангсозии соҳаи тандурустӣ ва марказҳои ёрирасон дар шаҳри Душанбе" миёни масъулини Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, директорони марказҳои саломатии шаҳрӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, марказҳои ёрирасон, шуъбаҳои офиятбахши тиббию иҷтимоии шаҳри Душанбе, Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар ниҳодҳои давлатие, ки бевосита ба ҷабрдидагон кумакҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббию иҷтимоӣ мерасонанд, доир намуд.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои муттақобила байни ниҳодҳои давлатӣ вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оила, расонидани ёрии саривақтӣ ба ҷабрдидагон, пешгирӣ ва огоҳкунии сокинон аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба бунёди оилаи солим, таҳкими муносибатҳои оилаву оиладорӣ, мебошад.

"Давлат дар доираи талаботи конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад"-гуфта шуд дар идома машварат-тренинг. Аз ин лиҳоз месазад, ки масъулини соҳаҳои тандурустӣ, марказҳои ёрирасон, бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати солимии модару кӯдак бетараф набошанд, барои бунёди оилаҳои солиму пойдор хизмати содиқонаву софдилона намуда баҳри тарбияи фарзандон ба руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ва дар пешрафти давлату ҷомеа саҳми арзишманди худро гузоранд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"