image

Оғози даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range31.05.2023, 15:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye291

Дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар озмун зиёда аз 500 нафар довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, маҳорату малакаи худро нишон медиҳанд.

Дар маросими кушодашавии даври дуюми ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шуъбаи маориф, олимону донишмандон, ҳайати ҳакамони даври ноҳиявии озмун ва иштирокчиён-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ширкат варзиданд.

Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад.

Тавре, ки масъулин иттилоъ доданд, дар асоси низомнома озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр гузаронида мешавад. Пас аз маросими кушодашавии даври дуюми ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор дар синфхонаҳо оғоз гардид. Довталабон-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номинатсияҳо ҷудо гардида, ҳакамон бо онҳо суолу ҷавоб намуданд.

Дарви дуюми ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ давоми 3 рӯз идома намуда, дар рӯзи аввал хонандагони муасссаҳои таҳислоти миёна, дар рӯзи дуюм донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳислоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантҳои ҳабилитат) ва дар рӯзи сеюм калонсолон ва кормандони касбу кори гуногуни ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок менамоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"