image

Ҷаласаи Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Шоҳмансур доир шуд

date_range01.06.2023, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye213

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Шоҳмансур доир шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Шоҳмансур муовини раиси ноҳия, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва вазриш, шуъбаи маорифи ноҳия ва фаъолҷавонону гирандагони стипендияи раиси ноҳия ширкат варзиданд.

Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.

Дар охири чорабинӣ ба 40 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳия ва 10 даҳ нафар варзишгарони ноҳия маблағи стипендияи раиси ноҳияи Шоҳмансур тақдим гардид. Ҳамзамон ба як зумра фаъолони ноҳия Сипосномаҳо аз тарафи МИҲД н.Шоҳмансур супорида шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"