Маросими қадрдонии ҳамкорони «Шабе дар осорхона»
Чорабинии навбатӣ дар Осорхонаи миллӣ бо мақсади қадрдонии шарикони имсолаи лоиҳаи «Шабе дар осорхона» ташкил карда шуд.
Зимни тадбири мазкур масъулини ин муассисаи фарҳангии кишвар афзуданд, ки дар ташкили лоиҳа шумораи зиёди корхонаву ташкилот ва муассисаву идора бо осорхона ҳамкорӣ намуданд. Ҳамин аст, ки он дар сатҳи баланди ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони сафоратхонаҳо, корхонаву идора, васоити ахбори омма, ки саҳми беандозаи худро барои инъикоси ин чорабинӣ гузоштаанд, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Иқдоми «Шабе дар осорхона» дар “Осорхонаи миллӣ” нахустин бор соли 2013 ташкил гардидааст ва имсол бошад бори 9-ум баргузор гардида, дӯстдорони зиёд таъриху фарҳанг ва санъату ҳунарро ба ҳам овард.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ