image

«Насли хушбахти замони Истиқлол» зери ин унвон дар Осорхонаи миллӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд

date_range01.06.2023, 15:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye223

Дар Муссисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Насли хушбахти замони Истиқлол» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ зиёда аз 100 нафар таълимгирандагони кулл аз хона-интернати №1-и шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони Муссисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» иштирок намуданд.

Зимни баромади роҳбарияти Осорхонаи миллӣ гуфта шуд, ки ҳоло дар пойтахт шароити беҳтари таълиму тарбия барои наврасону кӯдакон фароҳам шуда, ин қишри ҷомеа дар шаҳр дар доираи талаботи меъёрҳои мавҷуда ба донишазхудкунӣ ва солимгардонӣ фарогирифта шуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"