«Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон». Мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мизи мудаввар таҳти унвони «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, бахш ва комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва тандурустӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Мизи мудаввар таҳти уновни «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар доираи «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023, таҳти №252 аз 23 май то 1 июни соли 2023 дар пойтахт эълон гардидааст, баргузор карда шуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамчун кишвари соҳибихтиёру соҳибистиқлол роҳи демокративу ҳуқуқбунёдиро дар раванди рушд интихоб карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ дар ин самт, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намудааст. Ин аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташия ва татбиқи барномаҳои гуногунҷанбаи рушди соҳаҳои иҳтимоиву иқтисодӣ, таваҷҷуҳи марказӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсили сокинони навраси кишвар, яъне кӯдакон дода шуда, фаъолияти Комиссияи ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшу комиссияиҳои маҳаллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Тазаккур дода шуд, ки таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон – ҳамчун шаҳрвандони наврас ва ояндасози ҷумҳурӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дошта, ин раванд дар ҳама манотиқи Тоҷикистон, хусусан пойтахти он – шаҳри Душанбе дар меҳвари нақшаву барномаҳои созандаи шаҳрдорӣ ва таваҷҷуҳи рззмарраи роҳбарияти он қарор дорад. Ин аст, ки Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир аз ҷиҳати инфрасохтор дастрасу муосир гардида, ба шаҳри имконоти рушди кӯдакон табдил ёфтааст.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ