Баргузории Фестивали фарҳанги Корея дар Амфитеатри шаҳри Душанбе
Дар ин доира дар бинои Амфитеатри Муассисаи давлатии «Аҳорун»-и пойтахт «Фестивали фарҳанги Корея» баргузор гардид. Ин навбат бо ташабуси сафорати Корея дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Афитеатри пойтахт фестивали мусиқии К-поп гузаронида шуд.
Қабл аз оғози фестивал дар саҳни Амфитеатри пойтахт намоиши маҳсулоти ширкатҳо ва хӯрокҳои кореягӣ дар доираи фестивали мазкур гузаронида шуд, ки он барои эҳсос кардани эътимод ба Корея ва дарки таассуроти кореягӣ кӯмаки зиёд хоҳад кард. Дар ин тадбири фарҳангӣ сокинону меҳмонони пойтахт ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ширкати фаъол доштанд.
Дар ин чорабинӣ меҳмонон ва сокинони пойтахт иштирок намуда, аз фарҳанг, аз ҷумла суруду рақсҳои ҷолиби мардуми Корея ҳаловат бурданд. Дар доираи ин фестивал ҳамчунин бозиҳои шавқовар ва викторинаҳо ба роҳ монда шуд, ки сокинону меҳмонони пойтахт дар он бевосита иштирок намуданд.
намоиши бошукуҳи фарҳангӣ бо пешниҳоди рақсу сурудҳои ҷолиб манзуи ширкатдорони ҳамоиш гардонида шуд, ки он боиси писанди ҳамагон гардид.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ