image

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range09.06.2023, 10:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Рӯзҳои 31 ва 30-юми майи соли равон дар Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» даври ноҳиявии озмун дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Озумни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккуритехникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад. Дар озмун довталабон-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва донишҷуёну кормандони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия ба номинтасияҳо ҷудо гардида, ҳакамон бо онҳо суолу ҷавоб намуданд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор доштанд, ки дар рафти баргузории озмун 35 нафар аъзои ҳакамон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва литсею муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд. Озмун аз рӯи 7 номинатсия баргузор гардида, дар ҷараёни он 283 нафар донишҷӯёну хонандагон, аспирантону докторантҳо, ходимони илм, омӯзгорону кормнадони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуданд. Пас аз хулосаи комиссияи озмун ғолибон муайянгардида ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.

Дар асоси хулосаи ниҳоии аъзои ҳакамони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 125 нафар аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо ҳамчун ғолиб муайян карда шуданд, ки ба тамоми онҳо диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"