image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

date_range09.06.2023, 20:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye336

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар мукофотпулиҳо сарфароз гардиданд.

Дар ин рӯз ба 53 нафар ғолибоне, ки дар номинатсияҳои муайянгардида фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати хешро ба аъзои ҳакамон нишон дода, ғолибиятро ба даст оварданд, дар вазъияти тантнавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Дар ин доира ба аъзои ҳакамон ва дигар масъулин, ки дар баргузории даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ саҳм гузоштанд, сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Бояд қайд кард, ки соли равон барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ муқаррар шудааст. Чун анъана озмун дар се давр баргузор мегардад. Тавре дар Низомномаи озмуни соли равон омадааст: «Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад». Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"