Оғози даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардидааст. Ҳоло даври ноҳиявии озмун идома дорад. Ин навбат дар толори Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид.
Озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» - бо мақсади донистани ин асар ташкил шудааст. Даври ноҳиявии озмун дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ширкати довталабони фаъол гузаронида шуд.
Дар оғози даври ноҳиявии озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз мо аз иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат бо самимияти том истиқбол мегирем. Зеро иқдоми навбатии Пешвои миллат, воқеан, падидаи ниҳоят арзишманд, воқеаи беназир ва мондагор аст. Ҳаминтавр бо ширкати доварон ва довталабон озмун оғоз гардида, довталабон санҷида шуданд.
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ташкил гардидааст.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ