image

Баргузории мулоқоту тадбирҳои маърифатӣ дар шаҳр

date_range16.06.2023, 14:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ пайваста ба хотири таҳкими худшиносии миллӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ тадбирҳои маърифатӣ ташкил карда мешавад. Мулоқоти навбатӣ дар ҶДММ «Корвоншаҳр» ташкил шуд.

Дар ҷараёни ин тадбир намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ширкат намуданд. Гуфта шуд, ки ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани маърифати соҳибкорони бозор дар самти тарғиби фарҳанги миллӣ ва пӯшидани либоси ягонаи корӣ ташкил шудааст.

Зикр шуд, ки либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ карда, бо тарзи дӯхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба кулли тафовут дорад ва як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар як соҳибватан шараф бошад.

Инчунин, донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд.

Дар идома мулоқот қайд гардид, ки маҳз либоси миллиамон аз хислат ва одобу фарҳанги мо дарак медиҳад. Пас, месазад, ки онро ҳифз намуда, ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"