image

Оғози даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range16.06.2023, 14:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye329

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «“Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар даври ноҳиявии озмун аз ноҳияи Шоҳмансур 255 нафар аз муассисаву корхонаҳои ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.

Дар оғози даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «“Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат», ки бо амри Президенти ҶТ аз 7-уми июли соли 2022 ба тасвиб расидааст, масъулини ноҳияи Шоҳмансур иброз доштанд, ки Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.

Зимнан таъкид гардид, ки моҳи феврали соли равон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронида шудааст. Дар ин давр аз ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур 255 нафар дар чор бахш иштирок карданд, ки аз ин шумора 120 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 80 нафар донишҷӯ, 40 нафар омӯзгор аз ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва 15 нафар калонсолону кормандони касбу кори гуногун мебошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"