image

То соли 2026 дар пойтахт хизматрасонии мусофирбарии таксӣ тавассути нақлиёти барқӣ гузаронида мешавад

date_range19.06.2023, 11:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва супориши ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе давоми чанд рӯз аст, ки мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва гурӯҳи корӣ бобати то соли 2026 пурра гузаштан ба хизматрасониҳои таксӣ бо нақлиёти барқӣ ҳаракаткунанда бо ронандагон идома дорад. Инак чунин як мулоқот бо ронандагони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Сомон-таксӣ” баргузор шуд. Бояд гуфт, ки дар мулоқот масъулин ва ронандагони ҷамъияти мазкур ширкат намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода дар мулоқот ба ду масъала дахл кард. То соли 2026 гузаштани нақлиётҳои кироякаши таксӣ ба нақлиёти барқӣ ва сатҳи хизматрасонӣ дар ҷамъиятҳои кироякашӣ таксӣ. Маълум шуд, ки феълан дар Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Сомон-таксӣ” 2 нақлиёти барқӣ фаъолият дорад. Баромадкунандагон аз ин омор изҳори нигаронӣ намуда аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки теъдоди нақлиёти барқиро дар ҷамъият марҳала ба марҳала зиёд намуда, ҳамзамон сатҳи хизматрасонии худро беҳтар намоянд. Гуфта шуд, ки намои зоҳирии нақлиётҳои кироякашӣ таксӣ ҳанӯз соли 2019 муайян карда шуда буд ва имрӯз таксиҳо аз рӯи рақамҳои махсус фаъолият менамоянд.

Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ шаҳри Душанбе низ сухан карда аз фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт натиҷагирӣ карда зикр намуд, ки хушбахтона бо иштироки ронандагони таксӣ дар 5 моҳи соли равон садамаи маргбори нақлиётӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар идома масъулин ронандагонро барои хизматрасонии босифат даъват карда, иброз доштанд, ки ҳар як ронанда бо масъулияти баланд, дар самти тозагии таксиҳо ва сару либоси ронандагиву одоби дурусти муашират тавваҷҷуҳи бештарро равона намоянд. Зеро ронандагони таксӣ муаррифгари фарҳангу маданият ва симои шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар идомаи мулоқот миёни масъулони гурӯҳи корӣ ва ронандагон саволу ҷавоб сурат гирифта ронандагон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"