image

Ҷараёни мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе

date_range19.06.2023, 14:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye328

Дар майдончаҳои Федератсияи Футболи Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, ки бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил ва роҳандозӣ шудааст, бо маром ҷараён дорад. Тавре таъкид рафт, ин мусобиқа бори 7-ум аст, ки дар байни кормандони вазорату идораҳо, муассисаву корхонаҳо ташкил ва роҳандозӣ мешавад, ки ҳадаф аз он ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба майдонҳои солимгардонӣ ва рушди футбол дар кишвар маънидод карда мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки баргузории Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд ба ҳукми анъана даромада, ин мусобиқа бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамасола ташкил ва роҳандозӣ карда мешавад. Соли ҷорӣ бо дастгирии МИҲД шаҳри Душанбе зиёда аз 90 тими футбол барои дарёфти ҷоизаи асосии маърака муборизаро намуда истодаанд. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо ба се категория ҷудо гардидаанд.

Иштирокичиёни рақобати финалӣ миёни дастаҳои раёсату ташкилотҳои МИҲД шаҳри Душанбе маълум гаштанд. Дастаи Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар доираи мусобиқаи мазкур бо тими Шабакаҳои барқи ш. Душанбе андари майдони набард гардид, ки дар натиҷа дастаи Сарраёсати молияи шаҳр бо ҳисоби 3:2 ғалаба намуду ба финали мусобиқаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе роҳ ёфт. Дар ҷуфти дигар дастаи Раёсати Қушунҳои дохили ва МД Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии ш.Душанбе ба ҳам омаданд, ки дар натиҷаи дастаи Раёсати Қушунҳои дохилӣ бо ҳисоби калони 6:2 ба хатм расид.

Рауфзода Меҳроб
"ТВ Душанбе"