Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи А.Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамасола дар доираи таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳама боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо ибтикори сохторҳои гуногуни пойтахт гузаронида мешавад.
Барномаи фарҳангии пешниҳодгардида, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ роҳандозӣ гардид, бо дастагули шеъру таронаҳо, ки муҳтавои он васфкунандаи садоқату вафодорӣ ба арзишҳои миллӣ буд, хотири ҳозиринро шод намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони шаҳри Душанбе ҳар як гӯшаи пойтахтро ба ҷабҳаи бузурги созандагиву ободонӣ табдил дода, имрӯз намунае аз дастоварду музаффариятҳои худро ҳамчун натиҷаи меҳнати софдилонаву фидокорона муаррифӣ менамоянд. Дар ин ҳамоиш сокинон низ бо як руҳияи болида сайру гашт ва дилхушӣ мекарданд.
Бояд зикр намуд, ки барномаи рангини консертӣ, ки аз ҷониби дастандаркорон баҳри болидахотирии истиқоматкунандагон ва меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе манзур гардонида шуд, ба сокинону меҳмонони шаҳри азизамон руҳу илҳоми тоза бахшид.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ