Ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимови шаҳри Душанбе мулоқоти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолони соҳаи фарҳанги шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеи он баргузор гардид, ки дар он масъулини Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои марбута суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш масъулин саҳми Пешвои миллатро дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомонҳо ёдоварӣ намуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба даст овардани Ваҳдати комил тамоми баҳшҳои ҳаётан муҳими кишвар, ки дар ҳоли нестшавӣ буданду кишварро хатари ноумедиҳо фаро гирифта буданд, бо дастгириву ҷоннисориҳои арзонафарзонди миллат Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар рушд карда, Тоҷикистон ба кишвари воҳид табдил ёфт.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин дастовардҳои Ваҳдату истиқлоли кишвар зикр гардида, нақши Сарвари оқилу кордон дар сарҷмъии миллат ва умед ба ояндаи кишвар бузургу муассир арзёбӣ карда шуд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ