Мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо кормандону фаъолон ва сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот доир гардид.
Зимни вохӯрӣ маърӯзачиён изҳор доштанд, ки расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат маҳсуб мешавад.
Гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии давлату миллат ва арзиши муҳимтарини тамадуни башарӣ ба ҳисоб рафта, он хусусияти таърихи ва миллияшро танҳо дар доираи ташаккулу инкишофи давлати миллӣ пайдо карда, дар идеалогияи миллӣ устувор гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.
Иштирокчиён аз саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомониҳои мамлакат ёдовар шуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён номиданд.
Дигар иштирокчиёни мулоқот низ аз хизматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин неъмати бебаҳо тавассути шеъру сухан иброз доштанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ