image

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори МИҲД ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши машвартӣ бо кормандони соҳаи кор бо занон ва оила доир шуд

date_range22.06.2023, 09:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye185

Дар заминаи роҳандозӣ намудани сиёсати ҳадафмандона ва бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа ҷойгоҳи арзанда ва шоистаро касб намуд, зикр шуд дар ҳамоиши навбатии кормандони соҳаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе.

Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва намояндагони сохтору мақомоти шаҳрӣ ширкат намуданд. Роҳбарият ва кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳр, шуъбаи он дар 4 ноҳияи шаҳр ва фаъолзанон аз сохтору мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ аз ҷумлаи иштирокчиёни чорабинӣ буданд.

Масъалаи дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар солҳои Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, соҳаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат қарор дорад, зикр шуд дар идомаи чорабинӣ.

Дар идома доир ба масъали фарҳанги бегона, тарғиби арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги сариштакорӣ миёни сокинон ва рушди бештари корҳои ободонӣ дар шаҳр аз ҷониби ширкатдорон андешаҳои судманд баён гардид.

Дар идома бо итминон зикр, шуд ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо талош ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"