image

Дар Китобхонаи миллӣ рӯйнамоии феҳристи “Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид

date_range22.06.2023, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

Дар доираи ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” ва рӯйнамоии феҳристи “Ваҳдати миллӣ” бо ҷалби донишмандону масъулини соҳа ва кормандони китобхона баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани директори “Китобхонаи миллӣ” оғоз гардид. Номбурда таъкид дошт, ки ба бахти миллати фаррухболи тоҷик фарзонафарзанде дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсату давлатдорӣ омад ва Ватанро аз нобудшавӣ раҳонид. Инак, аз он рӯзҳои сахт 26 – сол сипарӣ шуду Тоҷикистон ба як кишвари ободу осуда ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон ва таҷрибаи сулҳи бадастомада намунаи ибрати оламиён гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам доир ба нақши Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва нақшу ҷойгоҳи Пешвои миллатро дар барқарор кардани сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъии миллат бузургу муассир арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои “Масъалаи Ваҳдати миллӣ ва раванди ҷаҳонисозӣ дар арсаҳои Пешвои миллат” ва “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳу Ваҳдати миллӣ” баромад намуданд.

Дар идомаи ин ҳамоиш рӯнамоии дастури “Ваҳдати миллӣ: феҳристи адабиёт” сурат гирифт, ки он дар ҳаҷми 643 саҳифа ва бо теъдоди 150 нусха бо сифати баланд ба нашр расид, ки дар таҳия ва ҷамъоварии маводи он кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ ва мураттиби масъули он Комил Шарифзода нақш доштанд.

Феҳристи мазкур барои муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои мухталифи илм, муаррихону китобдорон, донишҷӯёну омӯзгорон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"