Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
21-уми июн дар Литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» шуруъ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи ин озмун намояндагон иброз доштанд, ки донистани таърихи пурғановати халқи тоҷик тавассути мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» барои ҳар шахси инсондӯсту ватанпараст мояи ифтихор аст.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор доштанд, ки озмуни мазкур ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дарҷ гардидаанд, роҳандозӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» соли равон зери сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 115-солагии ин абармарди тоҷик – Бобоҷон Ғафуров, ки баҳри шинохти миллати тоҷик хизмати намоён кардааст, эълон гардидааст.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ