image

Дар МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳати миллӣ бо фаъолони ноҳия мулоқот баргузор гардид

date_range23.06.2023, 10:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye199

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мулоқоти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе, аз ҷумла роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, имомхатибон ва дигар фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар ҳамоиш масъулини мақомоти марбута ширкат варзиданд.

Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузургу муқаддас Ваҳдати миллӣ шодбошиҳо намуд. Ҳамзамон, ин рӯзи бузурги таърихиро рӯзи тантанаи адолат, маҳв гардидани оташи ҷаҳолат, таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати сартосарии кишвар маънидод намуда, қайд намуд, ки тамоми муваффақият ва музаффариятҳои Тоҷикистон баъди ба даст овардани Ваҳдати комил то имрӯз ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Дар идомаи ҳамоиш масъулин нақши Пешвои миллатро дар барқарор намудани сулҳ ва аз вартаи нобудшавӣ эмин доштани давлатдории миллиро бузургу назаррас арзёбӣ карда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён таъкид доштанд.

Дар идомаи чорабинӣ фаъолони ноҳия низ бошукргузорӣ аз ин оромӣ ва осоиштагии кишвар машаққатҳои Пешвои Миллатро дар роҳи расидан ба Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин давлату кишвар иброз доштанд.

Дар идома таъкид шуд, ки имрӯз ҷавонон бояд заҳмат ва машаққати Пешвои миллатро дар роҳи расидан ба Ваҳадати миллӣ беш аз пеш дарк намоянд ва бо зиракии сиёсии худ ин идеяи миллиро ҳамчун дастоварди гаронарзиш ҳифз намоянд ва баҳри шукуфоии ин миллат сайъу талош намоянд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"