image

Кормандони Раёсати ВКД Рӯзи Ваҳдати миллиро истиқбол гирифтанд

date_range23.06.2023, 15:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye271

Дар баробари кормандони сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт низ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо, таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд, зикр шуд дар баромади сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода дар чорабинии тантанавӣ ки ба муносибати 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки милитсияи пойтахт ҳамеша дар пайи таъмини амнияту субот ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи худро истифода менамоянд, то ки сокинону меҳмонони пойтахт ҳамеша бо эҳсоси амну оромӣ кору фаъолият ва зиндагӣ намоянд.

Дар ҳамоиш Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода низ баромад намуда доир ба раванди ваҳдатофарӣ дар кишвари мо, саҳми роҳбарияти давлат дар пойдории он ва рушди марҳилаҳои давлатдории кишвари мо андешаҳои худро баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Ваҳдат миллӣ барои бақо ва пойдории истиқлоли давлатии мо чун ҷавшан хизмат намудааст. Аз ин рӯ нигоҳ доштани ин ду неъмати воло барои мо вазифаи муҳим ва амри зарурӣ аст.

Дар охири чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба якчанд нафар аз кормандони ҳайати шахсии милитсияи пойтахт аз ҷониби роҳбарияти Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рутбаҳои нави вазифавӣ тақдим карда шуд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"