image

ИФТИТОҲИ ФЕСТИВАЛИ III БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭҶОДИЁТИ БАДЕИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН “ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС”

date_range27.06.2023, 10:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye337

ш.Душанбе. 26.06.2023. Шоми 26-уми июн дар саҳни Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истеъдодҳои наврас” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии Фестивали мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди хориҷу дохили кишвар ширкат намуданд.

Фестивали байналмилалии “Истеъдодҳои наврас” ҳамоиши маърифативу фарҳангии кӯдакону наврасон буда, он дар доираи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023 тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 10 майи соли 2023, таҳти №247 “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истеъдодњои наврас” дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда мешавад.

Чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ҳусни оғоз бахшида, нахуст меҳмонон – иштирокчиёни Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истеъдодҳои наврас”-ро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол- шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Маросими ифтитоҳи Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истеъдодҳои наврас” дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, дар он инчунин барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки наврасони боистеъдоди дастаҳои ҳунарии пойтахт манзур карда шуд. Ҳар як баромади баромадкунандагони наврас аз тарафи меҳмонон ва ҳозирин хеле самимӣ ва гарму ҷӯшон истиқбол гирифта шуд. Махсусан, рақсу сурудҳои халқҳои ҷаҳон, ки аз тарафи соҳибистеъдодони навраси ансамблҳои бачагонаи кишвар иҷро гардиданд, хеле ҷолибу диданӣ буд ва аз тарафи иштирокчиёни Фестивалу аҳли нишаст хуб пазироӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии иштирокдорони Фестивал зиёда аз 400 нафарро ташкил дода, майдони он имкон медиҳад, ки насли наврас дар баробари пешниҳоди ҳунару истеъоди хеш, дар замиру ботини худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародарӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳангу тамаддуни ҳамдигарро афзун намоянд.

 Тибқи барномаи Фестивал, ки панҷ рӯз, яъне аз 26 то 30 июни соли ҷориро дар бар мегирад, иштирокдорони он дар баробари ширкат дар бахшҳои озмунии Фестивал, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт дидан менамоянд.

Инчунин тибқи барномаи тасдиқгардидаи Фестивал дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор гардида, дар доираи он инчунин Намоиши II байналмилалии мусаввирони наврас доир карда мешавад.