Эҳёи ҷашнҳои қадимаи аҷдодони тоҷикон. Тиргон ва шаҳомати он дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе
Мояи ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо намуда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ, ки дар ганҷури таърих ба фаромӯшӣ афтода буданд, эҳё ва бо шаклу мазмуни нав ба ҳаёти мардуми мамлакат рангорангӣ бахшиданд. Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимаи аҷдодони тоҷикон маҳсуб меёбад. Онро мардум ба нишонаи эҳтироми об ва баракату фаровонӣ таҷлил мекардаанд ва ин ҷашн дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба шумор меравад. Ҷашни Тиргон мавсими расиши гандум, ҷашни обу ободонӣ, ҷашни удабо ва уламо аст.
Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии Боғи Ирами шаҳри Душанбе маросими таҷлил аз ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар ин маросим кишварзон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷамъ омада, маҳсули дастранҷи худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Аз ҷумла навъҳои гуногуни зардолу, себ олу, гандум, ангуру шафтолу ва дигар меваю хушкмеваҳои кишварамон пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Дар ҷараёни таҷлили ин иди миллӣ тазаккур дода шуд, ки миллати покзамири мо дар асоси эҳёи ҷашни Тиргон ва дар асоси эътимоду эътиқоди азалӣ, яъне муқаддас шуморидани об ва ҳарчи марбути об аст, дар оянда бо таъбу завқи эҷодкори худ ҷашни Тиргонро низ бо иқдомҳои нав ва рангу ҷилоҳои тоза ҳарчи бештар шукӯҳи миллӣ хоҳад дод.
Мардонов Қандил
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ