image

Ифтитоҳи намоиши II-юми байналмилалии мусаввирони наврас

date_range29.06.2023, 13:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye266

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” дар доираи Фестивалии III-и байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Истеъдодҳои наврас» намоиши II-и байналмилалии мусаввирони наврас ифтитоҳ гардид.

Фестивали байналмилалии “Истеъдодҳои наврас” ҳамоиши маърифативу фарҳангии кӯдакону наврасон буда, он дар доираи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023 тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 10 майи соли 2023 “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Истеъдодҳои наврас” дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарияти Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Осорхонаи миллӣ, ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди хориҷу дохили кишвар иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии иштирокдорони Фестивал зиёда аз 400 нафарро ташкил дода, майдони он имкон медиҳад, ки насли наврас дар баробари пешниҳоди ҳунару истеъоди хеш, дар замиру ботини худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародарӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳангу тамаддуни ҳамдигарро афзун намоянд.

Дар намоиши байналмилалӣ беш аз 100 адад корҳои эҷодии мусаввирони наврас аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба тамошо бароварда шудааст, ки иштирокчиён ва мусаввирони наврас аз онҳо дидан намуданд.

Тибқи барномаи Фестивал, ки панҷ рӯз, яъне аз 26 то 30 июни соли ҷориро дар бар мегирад, иштирокдорони он дар баробари ширкат дар бахшҳои озмунии Фестивал, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт, аз мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Нораки вилояти Хатлон аз ҷумла НБО-и "Норак", Боғи "Анор", Осорхонаи шаҳрӣ дидан менамоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"