image

Фаъолияти фаввораҳоро дар боғҳои истироҳативу фароғатӣ ва дигар гӯшаҳои пойтахт

date_range30.06.2023, 15:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye279

Шаҳри Душанбе имрӯзҳо дар фасли тобистон ҳамчун шаҳри сабзу хуррам симои худро ба кулли дигар намуда, ба шаҳри муосиру замонавӣ табдил ёфтааст. Зебогии дигаре, ки ба симои пойтахт зам гардидааст, ин фаъолияти бонизоми фаввораҳо мебошад. Фаввораҳое, ки имрӯзҳо дар ҳудуди тамоми боғу гулгаштҳои пойтахт насб гардидаасту фаъолият доранд ба макони асосии истироҳати сокинону меҳмонон дар ин рӯзҳои гарми фасли тобистон табдил ёфтааст. Аз ҷумлаи чунин мавзеъи истироҳатӣ ин боғи устод Рӯдакӣ мебошад, ки дар ҳудуди он 9 адад фаввораҳо насб гардидааст ва ба яке аз мавзеъҳои сайру истироҳати сокинони пойтахт гардидааст.

Дар воқеъ фаъолияти фоввораҳо аст, ки симои пойтахт зебогӣ ва муаттару мунаввар аст ва ин зебогӣ боиси диққати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гардидааст. Тавре аён гардид, фаввораҳои ин мавзеи зебою дилнишини пойтахт тайи даҳсолаҳо макони дӯстдоштаи сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гаштааст. Бино ба маълумоти масъулин фаввораҳо, ки зебокунандаи чеҳраи шаҳр мебошанд, маъмулан дар фаслҳои баҳор, тобистон ва қисми аввали фасли тирамоҳ фаъолият менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани боғҳои истироҳативу фарҳангӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қариб дар аксарияти онҳо ба хотири болидарӯҳии сокинон фаввораҳо насб гардидааст, ки имрузҳо фаъолияти хуб доранд.

Фаъолияти фаввораҳоро дар боғҳои истироҳативу фароғатӣ ва дигар гулгаштҳо мутахассисони соҳаи тиб ба руҳу равони шахс мусбӣ арзёбӣ намуда, қайд медоранд, ки дар ин ҳолат шахс худро нерӯманд ва хушҳол эҳсос месозад. Душанбе ҳамчун шаҳри сабзу ҳамешабҳор бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода намудааст. Дар асл, пешрафтҳои азиме, ки дар ин марҳила дар пойтахт ба вуҷуд омадаанд, аз ҳар самте, ки назар афканем ба кору пайкор, истеъдоди худодод, муҳаббати беназир ба халқу Ватан, ба сират ва неруи созани ин ҷавони шаҳрдори шаҳрофар пайванд мегирад. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо ва ободу осуда муаррифӣ гаштааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"