image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range06.07.2023, 15:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye363

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 майи соли 2023, №301 имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2023» бо иштироки аъзоёни ситоди шаҳрӣ доир гардид.

Дар кори Ситод Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, роҳбари Ситод Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аъзоён роҷеъ ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, роҳу василаҳои пешгирии истифодаи маводи нашъаовар, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша намуданд.

Бо назардошти ҳисоботи котиби Ситоди шаҳрӣ ва баромаду суханрониҳо ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ қарор намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ иҷрои бомароми қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаву чорабиниҳои тасдиқгардидаи Ситоди шаҳрӣ тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда равона карда шаванд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа вобаста ба иҷрои банди 60 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30-юми декабри соли 2022, таҳти рақами 720 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2023» оид ба таъмини камолоти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон таҳлил ва омӯзиши вазъи иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва банди 62 таҳлили вазъи фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба муайян кардани ҳолати риояи қонунгузории соҳа ва ҳуқуқу озодиҳои ронандагон дар ин самт гузориши намояндаи Сарраёсати маориф ва сардори шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Вайсзода Б.Ш. шунида шуда, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдори ҷаласаи Комиссия қабул карда шуд.