Идомаи истироҳати хонандагон дар истироҳатгоҳҳои наздимактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Ҳамасола дар мавсими тобистон бо инобати таътили тобистонаи мактаббачагон ва мувофиқ будани мавсими сол барои истироҳату фароғати наврасон истироҳатгоҳҳои беруназшаҳриву наздимактабӣ фаъол мегарданд. Ба иттилои масъулини Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷараёни таълим дар майдончаҳои солимгардонии наздимактабҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои қабули хонандагон ба майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ омодагии хуб дидаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ду синфхонаро барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, толори варзиш барои машғулиятҳои солимгардонӣ омода намуда, дар самти таъмини хонандагон бо хӯроки гарм низ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар ин муассисаи таълимӣ дар 4 баст 40 нафарӣ ба фароғати тобистона ҷалб карда шудаанд, ки қисме аз онҳоро хонандагон аз оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд. Ба андешаи мутахассисони соҳа фарогирии кӯдакону наврасон ба майдончаҳои солимгардониву истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ баҳри таъмини фароғати онҳо заминаи мусоидро муҳайё менамояд. Хонандагон дар давоми мавсими истироҳат бо 2 вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Ошхона баҳри фароғатчиён ҳамарӯза хӯрокҳои серғизоро омода месозад.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 низ майдончаи солимгардонии наздимактабӣ ташкил шудааст. Тавре, ки масъулин иттилоъ доданд дар асоси қарори раиси ноҳия дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ чунин майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо дар як баст 240 нафар ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Дар баробари машғулиятҳои зеҳнӣ хонандагон ҳамчунин ба машғулиятҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла рақсу сурудхонӣ машғул мешаванд, ки ин баҳри хубу гуворо гузаронидани мавсими истироҳат ба хонандагон таъсири мусбат мебошад. Дар ҳар як майдончаҳои солимгардонӣ ки дар назди муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шудааст, дар чор баст дар маҷмӯъ 160 нафар ба истироҳату фароғат ҷалб мегарданд. Кӯдакону наврасон, ки хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ мебошанд, дар муддати 12 рӯз ба фароғат ҷалб шуда, ба онҳо мураббиён аз ҳисоби омӯзгорони муассиса машғулият меомӯзонанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ