image

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши занон дар пешгирии экстремизм ва терроризм”

date_range07.07.2023, 11:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye265

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Бо мақсади амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши занон дар пешгирии экстремизм ва терроризм” ташкилу роҳандозӣ шуд.

Дар ҳамоиш роҳбарияту кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила ва намояндагон аз сохторҳои гуногун иштирок ва ибрози андеша карданд.

Дар ҳамоиш мавзӯҳои “Нақши занон дар пешгирии хурофоту таасуб ҳамчун омили асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм”, “Нақши занон дар пешгирии экстремизм ва терроризм”, “Баррасии муроҷиатҳои ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"