image

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Спитамен

date_range10.07.2023, 14:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye333

Дар асоси нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар соли 2023 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ маҳсули дасти ҳунармандону кишварзони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Бо тантанаву шодӣ аҳли заҳмати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро пешвоз гирифтанд. Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Спитамен ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид.

Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои аҳли заҳмати ин ноҳия дидан карданд.

Тибқи маълумот, аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда ҳамасола наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро парвариш мекунанд. Дар ноҳияи Спитамен 1600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аҳли заҳмат сол то сол майдони кишту парвариши зироати ба иқлими минтақа мувофиқро дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа бештар мекунанд ва дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузоранд.

Дар қисмати дигари Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва намунаи дастовардҳои аҳолии ноҳияи Спитамен ташкил гардид.

Ҳунармандони ноҳияи Спитамен бо завқи баланд дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ширкат намуда, истеъдод ва ҳунари худро пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд. Аҳолии ноҳия, махсусан занону бонувони пурҳунари он дар гӯшаҳои алоҳида намунаи ҳунарҳои дастӣ, рассомӣ, нону хӯрокҳои миллӣ ва ғайраро намоиш доданд. Аз ин намоиши зебо маълум гардид, ки дар ноҳияи Спитамен ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, анъана ва расу оини миллӣ дубора эҳё мегардад.

Бегоҳирӯзӣ дар Амфитеатри ин боғ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Спитамен барномаи ҷолибу пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар оғоз масъулин суханронӣ намуда, аз рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Гуфта шуд, ки ташкили Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, иқдоми хубу саривақтӣ баҳри фароғату истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мебошад.

Дар доираи ин чорабинӣ сокинони пойтахт имкон доранд, ки маҳсулоти тару тоза, меваву сабзавот ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд. Намоиши аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен бо пешниҳоди барномаи адабӣ-фарҳангӣ хотима ёфт. Дар ин барнома аҳли санъату ҳунари ноҳия суруду таронаҳои дилнишинро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият ва дигар дастовардҳои Тоҷикистони биҳиштосо ба самъи иштирокчиён расониданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"