Эълон: Намоиш-фурӯши маҳсулот ва барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои пойтахт
Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бағҳои фарҳангу фароғатии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба роҳ монда шудааст.
Рӯзи 15 июл аз соати 8 то 11 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Хайём намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Панҷакент, дар Боғи кӯдакон аз н.Рашт ва дар Боғи фарҳангу фароғатии Куруши Кабир дар ҳамин соат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Норак ташкил карда мешавад. Ҳамчунин дар ин боғҳо аз соати 17 то 20 барномаҳои адабиву фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Рашт ва Норак гузаронида мешавад.
Рӯзи 16 июл бошад аз соати 8 то 11 дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Исфара, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Кӯли ҷавонон аз н.Бобоҷон Ғафуров ва дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ аз ноҳияи Хуросон багузор мешавад. Намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои ҳунарии ин шаҳру ноҳияҳо санаи 16 июл аз соати 17 то 20 дар боғҳои болозикр гузаронида мешавад.
Сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд дар раванди ин тадбирҳо ширкат намуда, маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харид намоянд. Бо дидани барномаҳои фарҳангӣ бошад дар рӯзҳои истироҳатӣ табъи худу назидаконро болида мегардонад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ