Дар «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи манзили шаҳри Душанбе» корҳои таъмирӣ ва азнавосзии бино идома дорад
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили шоиста аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зиёди созандагиву ободонӣ амалӣ гардида истодаанд. Зимнан дар Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи манзили шаҳри Душанбе» корҳои таъмирӣ ва азнавосзии бино идома дорад.
Корҳои сохтмониву азнавсозӣ дар бинои тобеи Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи манзили шаҳри Душанбе» воқеъ дар кучаи Деҳотӣ 50-и ноҳияи Фирдавсӣ моҳи апрели соли равон оғоз гардида, фармоишгар Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад ва лоиҳаи таъмири биноро Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» тартиб додааст.
Айни замон кормандон ба рангубори бино машғул мбеошанд. Атроф ва саҳни бино бо истифода аз ниҳолону дарахони ҳамешасабз ва майсазор сабзу хуррам буда, иншоот ба хотири таҷлили шоиста аз ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Бинои Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва идораи манзили шаҳри Душанбе» аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, пас аз пурра таъмир гардидани он роҳбарият ва кормандони Раёсатҳои фарҳанг ва рушди иқтисод ва савдо, КВД «Баҳодиҳӣ (Нархгузорӣ)-и шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Маркази баҳисобгирӣ ва фонди манзил», КВД «Ободонӣ», Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оиди шоҳмот ва шашка», Муассаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе», Рӯзномаи «Паёми Душанбе», Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» ва Муассисаи давлатии «Нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ» дар беҳтарин шароит машғули кор хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин бинои 4 ошёна, ки зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷойгир мешаванд, зиёда аз 113 утоқҳои корӣ. Маҷлисгоҳ бо 170 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон таъмин мешавад. Намои берунии бино низ босифат рангубор гардида, дар назди он минтақаҳои муайяни сабзазор бунёд шудааст ва ба симои ин гушаи шаҳр зебоии дигар зам намудааст.
Ҳамзамон дар ин қисмати шаҳр корҳои таъмирии бинои Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идома дорад. Кормандону мутахассисон бо истифода аз шароиту имконот кӯшиш намуда истодаанд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд анҷом диҳанд. Назди бино майдони фароғату истироҳат муайян гашта, дар он нишастҷойҳо гузошта шудааст ва атроф сабзу хуррам ба мушоҳида расид. Ин бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар оянда баҳри кормандони раёсат шароити арзандаи корӣ муҳайё хоҳад шуд. Сохтмончиён кӯшиш доранд, то корҳои таъмирӣ ва азнавсозиро дар муҳлати муайянгашта, ба итмом расонида, иншоотро дар арафаи ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор диҳанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ