Ёде аз Мавлоно дар Осорхонаи миллӣ
24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд. Вобаста ба ин рӯйдоди муҳим барои миллати фарҳангии тоҷик дар муассисаҳои марбута ҳамоишҳои гуногун ташкил карда мешавад. Зимнан масъулини Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашниро зери унвони “Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ” баргузор намуданд.
Дар расми ифтитоҳи намоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони осорхона ширкат намуданд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Эҷодиёти адабию фалсафии Мавлоно барои омӯзиши таъриху фарҳанги Машриқзамин аҳамияти бузурги илмӣ дошта, дар он мақолаву ҳикматҳо, маҷмӯи адабиёти ибратбахш, мисолҳо аз рӯзгори анбиёву мардумон бо таҷассуми орифонаю ошиқона гирд оварда шудаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки Мавлонои Балхӣ дар ҷаҳони Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гашта, шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинӣ бо завқу шавқи беандоза қироат мекунанд. Ҳамчунин кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Италия ва ғайра ҳамасола барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ин орифи бузург баргузор менамоянд, ки гувоҳи эътирофи Мавлонои Балхӣ ба ҳайси мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси ҷаҳон аст.
Дар намоиши ҷашниии “Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ” ҳам бузургиву шаҳомати Мавлоно инъикоси худро ёфтааст. Дӯстдорони осори Мавлоно ва алоқамандони эҷодиёти ӯ метавонанд то 1 август аз ин намоиш боздид намоянд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ