Рӯнамоии дастури библиографии шоир Муҳаммад Ғоиб дар Китобхонаи миллӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии дастури библиографии шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллии китобхона баргузор гардида, дар он адибон, рӯзноманигорон, ҳаводорони адабиёт, кормандони китобхона иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии адабиро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, афзуд, ки Муҳаммад Ғоиб аз шоиронест, ки ғазали комилро бо мавҷудияти байтҳои ҳусни матлаъ, ҳусни мақтаъ ва ҳусни тахаллус эҷод кардааст. Шоир ҳам дар гуфтани шеър барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон дасти тамом дорад. Ӯ солҳост, ки дар роҳи пурзаҳмати эҷод қадамҳои устувор ниҳода, сӯи қуллаи умед равона аст. Шеъру таронаҳо, қиссаву достонҳояш кайҳост, ки ба дили ҳаводорони адабиёт роҳ ёфтаанд.
Дар идомаи чорабинӣ адибон сухан ронда, аз ҷумла қайд карданд, ки услубҳои интихобкардаи Муҳаммад Ғоиб ба ӯ имкон медиҳанд, то мавзӯи суханашро фарохтар кунад ва тасвирҳои дигареро ба тасвирҳои боло зам намояд, ки ҳадафҳои дигар доранд, аммо наметавон гуфт, ки онҳо бемавриданд.
Ҳамчунин иштирокдорон иброз доштанд, ки тасвирҳои овардаи Муҳаммад Ғоиб ҳаётианд, асоси табии воқеӣ ё илмӣ доранд, ки аз огоҳии шоир, фарохии андешаи ӯ низ дарак медиҳанд. Ҳар байт як бозёфт, андеша ё мушоҳидаи шоирона дорад, ки ҳадаф аз шеър гуфтан бояд ҳамин бошад.
Муҳаммад Ғоиб аз зумраи адибонест, ки дар замони эҳёи навини Тоҷикистон дар сафи онҳое буд, ки шеърашон дар худшиносии миллӣ, ангезиши эҳсосоти баланди ватандӯстӣ, дар раҳнамоӣ ба ягонагиву бунёди Ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштааст.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ