image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

date_range14.07.2023, 11:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye275

Имрӯз, мутобиқи банди 4.13-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Маҷлис, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои фаъоли ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми Рӯзнома, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино,“Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2023” шунида шуд. Дар замимаи гузориши Кумитаи иҷроия раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” ва раиси ташкилоти ибтидоии “Пешво” суханронӣ намуда, гузориши фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2023-ро қаноатбахш эътироф намуданд.

Инчунин дар Маҷлиси Кумитаи иҷроия “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Дар бораи таъсиси Ситоди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давраи маъракаи сиёсии “Обуна - 2024” ба нашрияҳои ҲХДТ “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт”, “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои нимсолаи дуюми соли 2023”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”, “Дар бораи тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб” ва “Дар бораи тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ” мавриди муҳокимарони қарор гирифта, доир ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Дар фарҷоми Маҷлис як қатор фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"