image

Баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range14.07.2023, 14:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye244

Дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, аъзоёни кумита, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, иштирок намуданд.

Нахуст, рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзоёни кумита тасдиқ карда шуда, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2023 шунида шуд.

Сипас дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода баромад намуда роҷеъ ба боз ҳам зиёд намудани сафи ҳизбиён, ватану ватандӯстӣ корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт сухан гуфт.

Дар идома зимни баррасии дигари рӯзномаи маҷлис директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилов ба ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур пазируфта шуд.

Ҳамзамон масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баррасӣ шуда, дар алоҳидагӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"