image

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Рашт

date_range15.07.2023, 12:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye370

Субҳи имрӯз дар саҳни Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Рашт пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзии ин ноҳия бо нархи дастрас пешниҳод шуд ва сокинон маҳсулоти ниёзи худро харид намуданд. Ин навбат дар саҳни Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе кишоварзи ноҳияи Рашт маҳсулоти ҷамъовардаи худро бо нархи дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд.

Дар ярмарка намояндагони тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт, ки ба кишоварзӣ машғул мебошанд, иштироки фаъолона доштанд. Дар ин рӯз дар ярмарка асосан маҳсулоти полезӣ, мевагиҳо, гӯшт, асал, орд ва дигар маҳсулотҳо ба фурӯш гузошта шуданд.

Масъулин изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар соли 2023 шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон баҳри сокинону меҳмонони пойтахт мебошад.

Дар намоиш-фурӯши мазкур маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, қаламфури булғорӣ ва дигар навъҳои сабзавот, меваҳои шаҳдбор, тарбузу харбуза ва зироати ғалладонагӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардиданд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"