image

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ давраи солимгардонӣ ҷараён дорад

date_range19.07.2023, 11:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye525

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳамчунин иҷрои нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ айни ҳол дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҳудуди ноҳия давраи солимгардонӣ ҷараён дорад.

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, ин давра давоми се моҳи фасли тобистон дар тамоми кӯдакистонҳо сурат гирифта, дар ҷараёни он кӯдакон ба машғулиятҳои мухталифи обутобдиҳӣ фаро гирифта мешаванд. Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №59-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ин тадбир дар сатҳи хуб амалӣ гардида истодааст ва мураббиёни кормандони кӯдакистон бо истифода аз шароит ва обу ҳавои мусоид бо кӯдакон ва саҳни боғча ба машғулиятҳои гуногун ҷалб гардидаанд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади хубу хотирмон гузаронидани давраи тобистон баҳри кӯдакону наврасон бояд шароити бароҳати таълиму тарбия дар тамоми боғчаҳои ҳудуди ноҳия фароҳам оварда шавад. Дар асоси нақшаи машварати обутобдиҳӣ ҳамарӯза миёни таълимгирандагони кӯдакистонҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуда, то 10-15 дақиқа кӯдакон дар ҳавои тоза сайру гашт намоянд. Дар ин зимн бо пойи бараҳна гаштгузор намудани кӯдакону наврасон тавсия дода мешавад.

Мутахассисон изҳор медоранд, ки дар фасли гармо кӯдакон дар ҳавои гарм ба шиноварӣ дар ҳудуди муассиса бояд ҷалб карда шаванд ва ҳарорати обе, ки дар он кӯдакон оббозӣ менамоянд, бояд аз 20 то 22 - дараҷа гармиро дошта бошад, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳамарӯза ба шиноварӣ машғул гардидани кӯдакон низ тавсия дода намешавад. Ин амалро мумкин аст, ки 1 рӯз пас анҷом дода ва дар рӯзи дигар кӯдакон метавонанд дар ҳавои тоза зери нурҳои офтоб то 5-10 дақиқа гаштугузор намоянд ва ҳамчунин ба қумбозӣ низ метавонанд машғул шаванд.

Ҳамасола дар гурӯҳҳои синну солӣ моҳҳои июн — август давраи солимгардонии кӯдакон гузаронида мешавад. Дар ин давра ҳамаи гурӯҳҳои синну солии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тибқи нақшаи тақвимии давраи солимгардонӣ корбарӣ менамоянд. Дар гурӯҳҳо чорабиниҳои гуногуни обутобдиҳӣ ва солимгардонӣ ба монанди: обутобдиҳии бадан, варзиш, обутобдиҳии дасту пойҳо дар рег, оббозӣ, машғулиятҳо дар ҳавои кушод, сайру гаштҳо гузаронида мешаванд, ки ба инкишофи ҷисмонӣ ва тандурустии кӯдакон мусоидат хоҳанд кард.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ ДУушанбе"