image

Душанбе. Чангу ғубор то 21-ум идома мекунад

date_range20.07.2023, 11:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye416

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 19 то 21 июл бо сабаби омилҳои метеорологӣ аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат чангу ғубор ворид мешавад. Дар ин муддат дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба сабаби вуруди мавҷи ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ҷанубу шарқӣ болоравии дамои ҳаво интизор меравад.

Болоравии дамои ҳаво сабабгори об шудани пиряхҳо мешавад ва ин метавонад сатҳи обро дар рӯдхонаҳо боло барад. Эҳтимоли омадани селҳо дар маҳалу минтақаҳои мухталифи навоҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд зиёд аст. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидорӣ ва шикор эҳтиёт намоянд.

Мутахассисон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо бештар оби тоза нӯшанд, ҳатто дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар мебошад. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаро пӯшидан лозим аст. Ҳамзамон пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доштан, бо латаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳо тавсия дода мешавад.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад, ки доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо бо худ дошта бошанд.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"