Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия доир шуд
Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи кории солонаи худро дошта, дар асоси он мунтазам чорабиниҳои гуногун миёни аҳолӣ бо ширкати нозирон ташкил мегардад. Ин навбат ҳисоботдиҳии нозирони минтақавӣ ба аҳолии минтақаи хизматӣ сурат гирифт.
Чорабинӣ ин бора дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд. Дар баробари аъзои шӯро, нозирони минтақавии милитсия, ҳамзамон фаъолони ҷамъиятӣ дар мулоқот ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа иштирокчиён оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум ва дар ин замина баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия изҳори назар намуданд.
Ҷойи зикр аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои пешигирии ҷинояту ҷинояткорӣ, кам гардидани ҳодисаҳои нохуш дар шаҳраку маҳаллаҳо ва таъмини амнияти сокинон заминаи мусоидро фароҳам менамояд. Нозирони минтақавӣ низ ташкили чунин чорабиниҳоро ба беҳтар гардидани фаъолияти хизматӣ ва мустаҳам гардидани робитаи кормандони мақомот бо аҳолӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар раванди баргузории чорабинӣ сардори минтақаи хизматии милитсияи рақами 4-и Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки рӯз то рӯз шароити кории нозирони минтақавии милитсия беҳтар гардида, онҳо бо шароити мусоиди корӣ, ҳуҷраҳои замонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гаштаанд. Чунин амал имкон медиҳад, ки сатҳи кору хитзматрасонӣ низ беҳтар шавад.
Дар идома дигар нозирони минтақавии ин қисмати шаҳр ва фаъолони ҷамъиятӣ назарҳои хешро баён дошта, аз ҳамкориву робитаи қавӣ бо милитсия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ