image

Оғози даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range25.07.2023, 16:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

Дар доираи нишондоди банди 17-и Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2020 тасдиқ гардидааст, бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи якуми моҳи август бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» доир карда мешавад.

Қабл аз оғози даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аъзои ҳакамон аз намоиши ҳунарҳои марудмии сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздид намуданд.

Мақсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 32-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои марудмӣ мебошад. Агарчи дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзу ва ҳунармандон соҳибихтиёр мебошанд, вале мақсаду ҳадафи фестивал-озмун, мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ бояд марбут ба истиқлолити ҷумҳурӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси руҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунраҳои марудмӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон мебошад.

Барои иштирок дар фестивал-озмун ҳар як дастаи ҳунарӣ намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», сару либоси миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси якка, суруд якка, навозиши якка, суруди якка, бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, монолог ё аксия, порча аз анъанаҳои мардумӣ, сюитаи овозию рақсӣ пешниҳод менамоянд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"