image

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «30-ми июл Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон»

date_range27.07.2023, 14:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye193

Дар саросари ҷаҳон 30-ми июл Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди савдои одамон эълон карда шудааст. Ба ин муносибат дар толори МИҲД ноҳияи Шоҳмансур бо ташаббуси МД «Маркази худшиносии бонувон»-и МИҲД шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар китобхонаи МИҲД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ташаббуси Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «30-ми июл Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон» мизи мудаввар доир гардид.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Дар кори мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати фарҳанги МИҲД шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии «Корвони умед» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори МД «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» зимни баромади худ қайд кард, ки Тоҷикисон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.

Зимни баргузории чорабинӣ ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Таҷрибаи фаъолият дар самти барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон ва мушкилоти мавҷуда», «Хавфнокӣ ва оқибати савдои одамон» ва ғайра табодули назар карда шуд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"