Мулоқоти гурӯҳи кории МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ дар шаҳраки 65-ум
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида дар самти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, ин навбат дар шаҳраки 65-уми ноҳия бо истиқоматкунандагони ин минтақа доир намудананд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ миёни сокинони пойтахт, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрнишинон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва дигар амалу кирдоҳои номатлуб масъулину кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинону истиқоматкунандагони шаҳраки 65-и ноҳия мулоқот доир намуданд.
Зимни ин вохӯрӣ сокинон ба риояи одоби дурусти шаҳрнишинӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва ташкилу иштироки фаъолона дар шанбегиҳои ноҳиявию умумишаҳрӣ даъват гардида, ба онҳо имконият дода шуд, ки аз мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар тамоми бахшҳо суҳбат кунанд. Зеро яке аз ҳадафҳои асосии ташкили вохӯриҳо бо сокинон маҳз огоҳӣ ёфтан аз мушкилоташон бо роҳи ташкили суҳбати озоду ошкоро бо худи онҳо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ гурӯхи кори дар ҳайати роҳбарият ва зерсохторҳои он тайи чан муддат мешавад чунин мулоқоту вохӯриҳои судмандро бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия доир намуда истодаанд.
Дар идома бо инобати мавсими пешорӯи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз падару модарон даъват шуд, ки дар сафарбарии фарзандонашон барои иҷрои қарзи пуршараф дар назди халқу ватан фаъол бошанд.Зеро ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи авалиндараҷа барои ҳар ҷавон ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар доираи таҷлили бошукӯҳи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ корҳои ободониву созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Масъулин дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон биноҳои истиқоматии кӯчаи Фирдавсӣ 13/1 ва 13/2 таъмир намуда истодаанд. Дар ин рӯз ҳозирин биноҳои истиқоматии ин шаҳракро дар доираи талабои мавҷуда ва дизайни мувофиқ ба шаҳрдори рангубор намуда истодаанд. Бояд гуфт, ки чунин корҳои ободонию созандагӣ дар дигар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ то ҷашни бузурги миллӣ идома дорад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ