Роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ мавриди истифода қарор гирифт
Дар доираи тадбирҳои ободонии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо пойтахти кишвар ба гулистони ҳақиқӣ табдил ёфта баҳри сокинону меҳмонон шароити арзанди иқомат фароҳам гардидааст. Зимнан дар ин доира роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои азнавсозӣ дар роҳи мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, пас аз таъмири пурра он имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд. Дарозии роҳи мазкур аз кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ 850 метрро дар бар мегирад ва дар он тамоми аломату ишораҳо, ки бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамояд гузошта шудааст. Фармоишгари корҳои азнавсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» буда, корҳои таъмириро муҳандисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудуи «Идеал-Сервис» ба анҷом расонидаанд.
Тибқи лоиҳа дар таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко азнавсозии пиёдароҳҳо, таъмиру азнавсозии хатҳои муҳандисӣ-аз қабили қубурҳои оби гарм, оби нӯшокӣ, хатҳои коррезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ ва хатҳои алоқа, инчунин азнавсозии сутун ва чароғҳои равшанидиҳӣ пурра анҷом дода шудааст. Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаи мавриди назар азнавсозии қитъаи кабудизори роҳ низ анҷом дода шуда, дар он хатҳои обёрӣ ва сохтмони обанбор барои захираи об ҷиҳати системаи обёрӣ низ бунёд шудааст.
Корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ амалӣ гардида, дар рафти корҳо беш аз 20 адад техникаи роҳсозӣ ҷалб карда шуда буданд. Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Шабонгаҳ низ низоми равшанидиҳии роҳи мошингарди кӯчаи Шевчекно пурра таъмин гардида, сокинони пойтахт имкон доранд бе мушкилӣ аз роҳ гузар намоянд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Акнун сокинони пойтахт, ки то ин муддат аз кӯчаҳои ҳамшафати роҳ истифода менамуданд, имкон доранд бо истифода аз шароити бехатари ҳаракат аз ин роҳ истифода баранд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ