Дар ноҳияи Сино даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид, ки дар он ҳунармандону чеварони ноҳия ва дигар фаъолон иштирок ва расму оини миллати тоҷикро намоиш доданд.
Қабл аз оғози даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар ноҳияи Сино аъзои ҳакамон аз намоиши ҳунарҳои марудмии сокинони ноҳияи Сино боздид намуданд. Мақсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 32-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои марудмӣ мебошад.
Агарчи дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзу ва ҳунармандон соҳибихтиёр мебошанд, вале мақсаду ҳадафи фестивал-озмун, мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ бояд марбут ба истиқлолити ҷумҳурӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунраҳои марудмӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон мебошад. Барои иштирок дар фестивал-озмун ҳар як дастаи ҳунарӣ намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», сару либоси миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси якка, суруд якка, навозиши якка, суруди якка, бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, монолог ё аксия, порча аз анъанаҳои мардумӣ, сюитаи овозию рақсӣ пешниҳод менамоянд.
Дар асоси низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» барномаи ҳунарии ҳар як даста дар доираи як сотаиу 30 дақиқа таҳия мегардад. Дар доираи барномаҳои Фествиал-озмун истифодаи фонограмма, ҷалби ҳунарманди касбӣ, ҳаваскорони дигар маҳаллаҳо, либосҳо ва жанрҳое, ки дар низомномаи мазкур зикр нагардидаанд, нигораҳои осорхонаҳо манъ аст. Дар даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳурявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар ноҳияи Сино, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва зерсохторҳои он ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ