Дар ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023 баргузор гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023 баргузор гардид, ки дар он санъаткорону ҷавонони боистеъдод расму оин, урфу одат, маросими хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу суруд ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд.
«Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки ҳунармандон ва дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансур тибқи шартҳои муайянгардида гузаронида шуд. Ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои арзанда доданд. Яке аз шартҳои дигари ин озмун баргузор кардани намоиши ҳунарҳои мардумӣ буд, ки иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд.
Идомаи озмун дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифт, ки санъаткорон ҳунару маҳорати хешро пешниҳод карданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби арбобони ҳунар, санъаткорони ботаҷриба ва намояндагони сохторҳои марбута интихоб гардидаанд.
Мақсади асосии баргузории фестивал-озмун-ро масъулин дар намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маънидод карданд. Гуфта мешавад, ки мавзуи меҳварии фестивал озмун инъикоси руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати Истиқлоли давлатӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ мебошад.
Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 шурӯъ гардидааст. Дар «Андалеб» бадеҳа, рақси якка, хор, сюита, намоиши театрӣ, ҳаҷву мутоиба, таронаи дигар халқҳо шаҳру ноҳияҳо ҳунарҳои дастӣ: кулолгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, қаннодӣ, гулдӯзӣ, қаламзанӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 гузаронида шуд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ