image

Молу маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ, қаннодӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид

date_range31.07.2023, 10:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Ҳунармандону санъаткорон ва кишоварзону масъулини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳунару истеъдод ва маҳсули дасти хешро пешниҳоди меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе гардониданд. Иқдоми мазкур дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташкилу роҳандозӣ шуд.

Бо пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ масъулини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар амалӣ гардонидани нақша-чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ саҳм гузоштанд.

Ба гуфтаи масъулин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ касбу ҳунарҳои гуногуни мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, оҳангарӣ, дуторсозӣ ва гулдӯзӣ бештар ба назар мерасад. Соҳаи кишоварзӣ низ дар ин ноҳия дар сатҳи зарурӣ рушд кардааст. Ҳамин аст, ки маҳсулоти ба даст овардаи кишоварзони ин ноҳия бо нархи нисбати бозор арзон пешниҳод гардид.

Кишоварзони ноҳия парвариш ва кишти зироатро ҳамасола дар асоси маслиҳату машварати мутахассисон бо интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда, дастовардҳои меҳнатиро сол аз сол беҳтар мекунанд.

Аз пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти нонию хӯрокҳои миллӣ бар омад, ки ин самт дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рушду нумуъ ёфтааст. Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии ҳунармандону санъаткорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод гардид.

Дар қисмати расмӣ гуфта шуд, ки чунин ба ҳам омаданҳо ва пешниҳоди ҳунару истеъдоди санъаткорону ҳунармандон барои пешрафти соҳаи ҳунарманди заминаи хуб мегузорад.

Барномаи консертии санъаткорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идомабахши ҳамоиши мазкур буд, ки боиси хушҳолии сокинону меҳмонони ноҳияи Фирдавсии пойтахт гардид.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"