Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Дар Боғи "Ирам"-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон доир шуда, дар он намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар масъулини дахлдор иштирок намуданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва амалисозии ин ҳадаф аз омилҳои самарабахш ба шумор меравад. Сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷонибдорӣ аз ин иқдом дар намоиш-фурӯш, ки дар Боғи Ирами пойтахт доир гардид, иштироки фаъолона дошта, маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва намунаҳои зиёди ҳунарҳои мардумиро пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд.
Аҳли ҳунар ва заҳматкашони ноҳияи зикргардида намоиши худро барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор намуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас пешниҳоди харидорон карданд, ки бо истифода аз ин имконот сокинон маҳсулоти ниёзи аввалияро харидорӣ карданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумиву дастовардҳои мардуми ноҳия доир карда шуд, ки бозгӯи таърихи мардуми ҳунарманди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии он мебошад.
Чӯбтарошону кулолгарон, рассомону тарроҳон ва варзишгарон гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил намуда, барои тамошову истироҳати сокинону меҳмонон фазои ҷолибро фароҳам оварданд.
Дар гӯшаи дигари боғ намоиши таомҳои миллӣ аз ҷониби таомпазони ноҳия доир карда шуд. Санъаткорони ноҳия низ бо суруду рақсҳои худ хотири иштирокдоронро болида гардониданд. Ташкилу пешниҳоди чунин намоиш-фурӯш ва чорабиниҳои фарҳангии шаҳру навоҳии кишвар дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе кайҳост, ки ба ҳукми анъана даромада, нишон аз муттаҳидии мардум ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ