image

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Хайём намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Варзоб баргузор гардид

date_range07.08.2023, 14:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye346

Давоми чандест дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рӯзҳои истироҳатӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои мамалкат баргузор мегардад. Ин навбат кишоварзону ҳунармандон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Варзоб бо пешниҳоди маҳсулотҳои кишоварзию дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунари худ боғу гулгаштҳои Душанберо шукуҳи идона бахшиданд. Боғи фарҳангиву фароғатии Хайёми пойтахтро намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Варзоб ташкил дод.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби заҳматкашони ин минтақа ба сокинону меҳмонони пойтахт анбуҳи зиёди сабзавоту меваҷот аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидору бодиринг, тарбузу харбуз, гӯшт, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод гардид. Дар тадбири мазкур намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳри Душанбе-ноҳияи Сино ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, зимни боздид аз намоиш-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба заҳмату самараи ба дастовардаи бошандагони ноҳияи Варзоб баҳои баланд доданд.

Қисмати дигари ҷашнгоҳро намоиши дастранҷи ҳунармандону чирадастони ноҳия ташкил медод. Қобил ба зикри хос аст, ки дар ноҳияи Варзоб бобати соҳибкасб гардидани бонувону занони хонашин марказҳои алоҳидаи касбомӯзи фаъолият менамоянд, ки дар ин ҷодда низ дастоврадҳо назаррасанд. Ҳамаи маҳсулотҳои пешниҳодгардидаи намоишгоҳ аз ҷумла кашидадӯзию зардузӣ, бофандагӣ ва қаннодию намунаи хӯрокҳои миллӣ ба бонувони ҳунарманди ин минтақа рабт дошта, дар ин ҷодда таваҷӯҳҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ раиси ноҳияи Варзоб доир ба дастоврадҳои ноҳия ибрози сухан карда, фаъолияти бахшҳои алоҳидаи ноҳияро самаровар арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин росто роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳбарияти ноҳияи Варзоб ҷиҳати ташкил намудани ин чорабини изҳори сипос намуда, ба аҳли заҳмати ноҳия дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд. Барномаи мукаммали фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия, ки ҳамаги таҷасумкунандаи сурудҳои ватандӯстона буданд ба чорабинӣ таровати тоза зам намуд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"