image

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Вахш

date_range08.08.2023, 14:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye157

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон доир шуда, дар он намояндагони МИҲД-и шаҳри Душанбе, ноҳияи Вахш ва дигар масъулини дахлдор иштирок намуданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва амалисозии ин ҳадаф аз омилҳои самарабахш ба шумор меравад. Сокинони ноҳияи Вахш бо ҷонибдорӣ аз ин иқдом дар намоиш-фурӯше, ки дар Боғи истироҳату фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе доир гардид, иштироки фаъолона дошта, маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва намунаҳои зиёди ҳунарҳои мардумиро пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд.

Аҳли ҳунар ва заҳматкашони ноҳияи зикргардида намоиши худро барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор намуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас пешниҳоди харидорон карданд, ки бо истифода аз ин имконот сокинон маҳсулоти ниёзи аввалияро харидорӣ карданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумиву дастовардҳои мардуми ноҳия доир карда шуд, ки бозгӯи таърихи мардуми ҳунарманди ноҳияи Вахш ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии он мебошад.

Чӯбтарошону кулолгарон, рассомону тарроҳон ва варзишгарон гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил намуда, барои тамошову истироҳати сокинону меҳмонон фазои ҷолибро фароҳам оварданд. Дар гӯшаи дигари боғ намоиши таомҳои миллӣ аз ҷониби таомпазони ноҳия доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияту намояндагони ноҳияи Вахш ва ноҳияи Фирдавсии пойтахт ширкат ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд.

Дар идома санъаткорони ноҳияи Вахш бо суруду рақсҳои худ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"